Назарияи эволютсионии Ж.Б Ламарк

С.11 МАВЗУИ 3

ЭВОЛЮТСИЯ

Эволютсия аз забони лотинї гирифта шуда, маънояш инкишоф (тањаввул) мебошад. Таѓёироти тадриљиеро, к ибо мурури замон ба амал меоянд ва аз њолати аввала ба кули фарќ мекунанд, эволютсия меноманд.

Ќонуни инкишофи табиати зинда, назарияи эволютсионї

Яке аз асарњои асосии Чарлз Дарвин «Пайдоиши намудњо» соли 1859 чоп шудааст. Ч. Дарвин барои ин асарро навиштан зиёда аз 20 сол мавводи илмї љамъ овард ва аз далелњои олимони дигару дўстдоронї табиат низ истифода бурд.

        Н. Вавилов 7 марказ ва минбаъд шогирдонаш 12 маркази пайдоиши рустанињои хонагиро ќайд кардааст. Гузаштагони мардуми тољик зоти гўсфанди њисориро, ки сергўшту серравѓан мебошад инчунин аспњои хатлониро рўёнидаанд.

Картошка, офтобпарас, љуворимакка, лубиё, помидор, пахта, тамоку ва ѓайрањо аз ќитъаи Амрико ба ин љо оварда шуда, дар њаёти иќтисодии бисёр мамлакатњои ин минтаќањо наќши муњим бозидаанд.

ТАСНИФИ СИСТЕМАИ ТАБИАТИ ЗИНДА ТАРАФИ КАРЛ ЛИННЕЙ

Аввалин маротиба систематикаро оли машњур Карл Линней пешнињод кард.

  Равияи метафизики  равияест, ки аќида доштанд, ки намудњо аз тараф Худованд офарида шудааст. Карл Линей  намояндаи ин равия буд. Аз назари К. Линней, Худо намудњоро аз азал чї ќадаре офарида бошад, онњо њамон ќадар мемонанд ва таѓйир намеёбанд.

Равияи трансформизм.  Трансформизм калимаи лотини буда, маънояш табдилёбї, таѓйирёбї аст. Намояндагони ин равия аќида доштанд, ки намудњо ки дар шакли њозира ќарор доранд дар натиљаи таѓйирёби ба амал омадаанд. Яъне намудњо пештар сода буданд ва дар тулии солњо таѓйир шудаанд ва дар оянда низ таѓйир меёбанд. Намояндагони ин равия Р. Гук, Ж.Ламетри, Д. Дидро, Ж. Бюфон, Э. Дарвин, И. Гёте, Ж. Ломаносов ва дигарон дохил мешудаанд.

Назарияи эволютсионии Ж.Б Ламарк

Жан Батист Ламарк аввалин маротиба назарияи эволютсиониро ба вуљуд овард. Истилои «биология» ба Ж.Б Ламарк таалуќ дорад. Ж. Ламарк намудњоро дар асоси монандии њаёвонот онњоро ба 10 синф људо кард. К. Линней њамин принсипро истифода бурда намудњоро ба 2 синф људо кард. Сабаби номукамалии таснифи пешнињодкардаи К. Линней ва Ж.Ламарк сустии дараљаи тараќиёти илм дар он замон мебошад. Асари «фалсафаи Зоология» ба Ламарк таалуќ дорад.  Ж. Ламарк дар пайдоиши намудњои нав дуо мили тозаро њамроњ кард: 1) ваќт (муњлат) ва 2) шароити муњити беруна.

       Тибќи тассавуроти Ламарк механизми таѓйирдињандаи организмњо ва пайдоиши намудњои нав дутоянд:

1. Кўшиши организмњо барои мукаммалшавї

2. Таъсири бевоситаи шароити муњити беруна ва мерос гузаштани аломатњои пайдошуда.

Хизмати бузурги Ламарк дар он ас тки:

1. У аввалин шуда назарияи эволютсияи олами органикиро ба вуљуд овард;

2. Ба омузиши масъалањои эволютсионї махсус машѓул шуд;

3. Дар фањмиши њодисањои биологї мафњуми ваќтро (омили таърихї буданро) љорї кард;

4. Сабаби асосии таѓйирёбии намудњоро ба шароити муњити беруна вобаста намуд;

Дар нимаи авали асри XIX дар сохаи палеонтология ва анантомияи ќиёсї муваффаќиятњои калон ба даст омадаан. Ин мувафаќиятњо ба тадќиќоти олими бузурги фаронсавї Ж. Кюве вобаста буданд.  Кюве сохти узњои њайвоноти сутунмуњрадорро омухта муайян кард, ки њамаи узвњои њайвон, ќисмњои як системаи бутун мебошанд, аз њамин сабаб ќонунан сохти њар узв ба сохти њамаи дигар узвњо муносибат дорад. Ягон ќисми тан бе мутаносибан таѓйир ёфтани ќисми дигари он таѓйир намеёбад. Ин маънои онро дорад, ки њар ќисми тан сохти комили организмро таљассум мекунад.

       Бо њамдигар мутаносиб будани сохти узвњои њайвонњоро Ж. Кюве коррелятсия (мутаносибї) номид.

· Креатсионизм – таълимоти идиалиест, ки намуњоро таѓйирёбанда мешуморад.

· Трансформизм - тасавурот дар бораи таѓйирпазирї ва табдилёбии намудњо.

· Эволютсия – инкишофи тадриљї ё таърихи олами органикї, ки бебозгашт аст.

· Систематика – як ќисми биология, ки вазифаи он таснифоти организмњои зинда ва мурдарафта мебошад.

Заминањои пайдоиши назарияи Ч. Дарвин

Заминањои илмии пайдоиши назарияи Чарлз Дарвин. Таълимоти эволютсионї ё дарвинизм мањсули фикри одамони гузашта низ мебошад. Дар пайдоиши назарияи Дарвин заминањои зайл наќши њалкунанда бозидаанд.

1. Ба вуљуд омадани илми систематика.

2. Тассавуроти таѓйирёбанда будани намудњо беш аз пеш асоси илми мегирифт.

3. Назария дар бораи ягонаги сохти њайвонот, яъне ин ё он узв дарр њайвоноти гуногун ба якдигар монанд мебошанд.

4. Назарияи узвњои гомологї, яъне узвњое, ки сохт ва пайдоишашон ягона аст, вале вазифаи геногун доранд, масалан дасту пойи пеши парандањо ва ширхўрон вазифаињои мухталифро иљро мекунанд.

5. Ќонуни монандии љанинњо.   Академик К. Бэр љанини њайвоноти синфњои гуногунро омўхта, ба хулоса омад, ки инкишофи љанин аз њуљайратухми бордор оѓоз ёфта, љанини њайвоноти гуногун дар давраи авали инкишоф монанд мебошад.

6. Назарияи Ч. Лайел дар бораи синну сол доштани ќабатњои Замин ба Ч. Дарвин таасуроти љиддї бахшид.

7. Кашфи њуљайра – назарияи Т. Шванн дар бораи њуљайра нишон дод, ки асоси ташаккулёбии организмњои зинда њуљайра аст.

8. Комёбињои соњаи илми селексия, яъне ба вуљуд овардани навъњои нави рустанињои зироатї ва њайвоноти хонагї.

9. Назарияи И. Кант дар бораи пайдоиши сайёрањо. Яъне системаи сайёрањо мањсули гарду ѓубор коинот буда, онњо њам синну сол доранд.

Ч. Дарвин дар киштии «Бигл» саёњат кардааст. Дарвин зиёда аз 20 сол мавод барои навиштани асари худ «Пайдоиши намудњоро љамъовари кардааст».

· Таѓиразирї – ин ќобилити организмњо мебошад ки аз фарди модари бо аломатњои нав фарќ кунад. Дарвин се намуди таѓирпазириро муайян кард.

1. Таѓирпазирии гуруњи  - ин пайдошавии аломатњои монанд дар фардњои як намуд тањти таъсири омилњои монанди муњити беруна.  Ин намуди таѓирпазири ирси набуда њангоми ба љойи зисти аввала баргаштани организм аломатњои пештара пайдо мешавад.

2. Таѓирпазирии фардї (индивидуалї)  - ин пайдошавии аломатњои гуногун дар фардњои як намуд тањти таъсири омилњои монанди муњити беруна.

3. Таѓирпазирии корелятсионї - ин таѓирпазириест, ки таѓирёбии як узв ё аломат ба таѓирёбии дигар узв ё аломат оварда мерасонад.

· Интихоби сунъи – раванди ба вуљуд овардани зотњои нави њайвонот ва навъњои рустанињои зироатї бо роњи нигоњ доштан ва афзоиш кунонидани фардњое, ки барои инсон хосияти муфид доранд ва дар бадали чанд насл нигоњ дошта мешаванд. Интихоби сунъи аз тарафи одам ба амал меяод ва ва маќсади ин намуд интихоб ин интихоби њайвонњое ки барои одам манфиатовар буда метавонанд. Мисол: Ба даст овардани говњое, ки шир, пуст ва гушти зиёд ва хуб дооранд. Интихоби сунъи дух ел мешавад: 1) Интихоби маќсаднок (методї) 2) Интихоби бе маќсад.   

Интихоби маќсаднок (методи)  ин як навъи интихоби сунъи буда, селексионер дар пещи худ вазифаи муайян гузошта, интихобро аз рўи як – ду аломат мегузаронад.

Интихоби бе маќсад - Дар мавриди истифодаи чунин тарзи интихоб инсон дар назди худ маќсади ба вуљуд овардани ин ё он зоти њайвонот ё навъњои рустаниро намегузошт.

Шаклњои мубориза барои њайёт ва интихоби табии

Дарвин 3 шакли мубориза барои њаётро људо кард: 1) Муборизаи байнинамуди 2) Муборизаи дохилинамуди 3) мубориза бо шароити номусоиди зист

· Муборизаи байни намудњо. Раќобати байни фардњои намудњои гуногун мебошад. Мисол: њам гурба ва њам рўбоњ заргўшро шикор мекунанд. Байни гургу заргўшњо ва рўбоњу заргўшњо барои њаёт муборизаи пуршиддат меравад. Аз љониби дигар, байни гург ва рўбоњ низ барои хўрок раќобат вуљуд дорад. Ба муборизаи баййни намудњо муносибатњои муфтхўрї (паразитї) низ дохил мешавад.

· Муборизаи дохилинамудї байни фардњои як намуди популятсия ба амал меояд. Ин намуди мубориза барои њаёт пуршадиттар мегузарад. Дар фардњои як намуд талабот ба хўрок, мањалли зист ва шароити дигари зиндагї якхела аст. Аз њамин сабаб раќобати байни онњо тезу тунд мебошад. Наринањои ширхурњо ва парандањо дар давраи афзоиш барои модина муборизаи сах мебаранд, ки инро инихоби љинсї меноманд. Симбиоз ин як шакли муборизаи дохили намуди мебошад. Симбиоз ин њамзистии мувофиќ мебошад. Мисол њамзистии харчанг бо актиния.

· Мубориза бо шароити номусоиди муњити беруна.  Мубориза бо омилњои ѓайризиндаи њайёт (хунуки, хушксолї, шамол, мубориза бо рушної) ба зидамонии организмњои зинда таъсир мерасонад. Тамоми намуди мубориза барои њайёт боиси элиминатсия (нобудшавии)  фардњо мегардад.

Њамин тавр, дар табиат њамеша раванди интихобан нест кардани баъзе фардњо ва барои афзоиш бартарї пайдо кардани фардњои дигар мушоњида мешавад. Ин њодисаро Дарвин интихоби табиї ё зинда мондани фардњои бењтар мутобиќшуда номид. Ќувваи њаракатовари эволютсия ИНТИХОБИ ТАБИИ АСТ.

       Таѓирпазирињои организм, ки зери таъсири бевоситаи муњити беруна ба амал меяод таѓирпазирии гурњи, муайян ё модификационї ном дорад.    Ин намуди таѓирпазирї барои эволютсия бе ањамиятанд зеро аз насл ба насл намегузарад.

Пайдошавии намудњои нав

Пайдоиши намудњои навро Дарвин раванди бардавоми љамъ шудани таѓирпазирињои фардии муфид меномид, ки аз насл ба насл меафзояд. Њодисањои дуршавии аломатњоро, ки ба пайдошавии намудњои нав оварда мерасонад дивергенсия  меноманд.


Понравилась статья? Добавь ее в закладку (CTRL+D) и не забудь поделиться с друзьями:  



double arrow
Сейчас читают про: