Инкишофи назарияи эволютсионї дар давраи пас аз Дарвин

1. Марњалаи романтикї  Давраи шукуфоии дарвинизм. Пас аз нашри китоби Дарвин «Пайдоиши намудњо». Ин китобро ба бисёр забонњои дунё тарљума ва нашр карданд.

2. Марњалаи инкори назарияи эволютсия    сањми олими Љенкин хеле калон мебошад. Барои рад кардани аќидаи Љенкин донистани ќонунњои генетикї лозим буд, аммо генетика њамчун илм фаќат соли 1900 ба вуљуд омад.

3. Марњалаи якљояшавї

Тасавуроти њозира оид ба механизм ва ќонуниятњои эволютсия. Микроэволютсия.

Намуд маљмуи фардњоест, ки аз љињати сохт ба њам монанд буда, пайдоиши умумї доранд, байни якдигар озод бордор шуда, ќобилияти насл овардан доранд. Њамаи фардњои якнамуд дорои хромасомањои якхела буда, рафторашон монанд аст ва фазои муайянро ишѓол мекунанд.

Меъёри намуд аломату хосиятњоканд, к ибо онњо як намуд аз дигараш фарќ мекунад. Чунин меъёрњои намуд вуљуд дорад.

1. Морфологї - монандии зоњирї ва дохилии сохти намуд

2. Физиологї – монандии њамаи равандњои фаъолияти њайётии намудњо, пеш аз њама монандии афзоиш, ки дар ваќти дурага шудан имконияти насл додан дорад.

· Меъёри генетикї - барои њар як намуд миќдори муайяни хромасома, андозаи онњо, шакл, таркиби КДН хос аст.

· Меъёри экологї мавќеи намуд дар љамоаи табиии организмњо, маљмуи омилњои муњити беруна аст, ки барои њаётгузаронии намуд лозиманд.

· Меъёри географї пањншавии намуд дар табиат (ареал)

· Меъёри таърихї  аз як решаи умумї пайдо шудан, таърихи ягонаи пайдоиш ва инкишофи намуд.

Популятсия  маљмуи фардњои њамон намуд аст, ки дар дохили ареали намуд марзи муайянро ишѓол карда, байни худ озод бордор мешаванд ва аз њам популятсияњо ќисман ё пурра људо мебошанд, яъне популятсия сисьемаи устувори генетикї мебошад. Воњиди хурдтарини популятсия намуд мебошад.

Наќши эволютсионии мутатсия

Таѓироти генотипро, к ибо таъсири омилњои муњити берунї       ё дохили ба амал меояд, мутатсия меноманд.

        Дар пешрафти генетикаи популятсионї сањми олими рус С. Четверников бузург аст.   Њангоми дучори мутатсия гаштани онњо 10 -15% гаметањо дорои алели мутатсияшуда хоњанд гашт.

Равандњои генетикї дар популятсия

Таѓирёбии популятсияро дар рафти интихоби табии микроэволютсия меноманд.

Шаклњои интихоби табии

Интихоби табии бо шарофати тараќиёти илми генетика, корњои И. Шмалгаузен, С. Четверников ва олимони дигар васеъ ва чуќур омўхта шуд.  Чанд шакли интихоби табиї вуљуд дорад.

1. Интихоби пешбаранда -Ин шакли интихоб боиси таѓирёбии фенотипњо мешавад. Интихоби пешбаранда дар натиљаи таѓирёбии шароити муњити беруна амал мекунад. Дар пањншавии аломатњои нави дохилинамудї, ки бо таѓирёбии шароити муњити беруна ба амал меояд, интихоби пешбаранда наќши муњим дорад.

2. Интихоби устувор   ин шакли интихоби табии ба нигоњ доштани фенотипњои вуљуддошта равона карда шудааст. Ањамияти интихоби устуворо  олими рус И. Шмалгаузен нишон додааст. Интихоби устувор мутобиќати намудро нигоњ медорад ва аломатњои ба љониби калонї ё хурдї, ё вазнинї майл кардаро нест мекунад. Ба шарофати интихоби устувор баъзе намудњо то имруз боќї мондаанд: «сарвати фоиданоки хинда» - моњии панљаболи латимерия: хазандаи эраи полеозой гаттерия, ки ба калтакалосњои эраи мезозой хеле монанд аст; рустании дучтухми гинкго. Опоссум зоњиран ба њайвоноте, ки дањњо миллион сол ќабл зиндагї мекарданд, монандї дорад.

Расми 3.7. Намудњои ќадимии то имрўз боќимонда:

А – гаттерия (туатара), Б – латимерия, В – опоссум, Г – гинкго.

3. Интихоби љинсї. Њайвоноти људољинса аз љињати сохти узвњои таносул фарќ мекунанад. Баъзан фарќи љинсњо дар намуди зоњирї, рафтор низ зоњир мешавад. Фарќи намуди зоњирии њайвонотро деморфизми љинсї меноманд.

 

Расми 3.9. Диморфизми љинсї дар приматњо:

А – маймуни нарина, Б – маймуни модина

МУТОБИЌШАВИИ ОРГАНИЗМЊО БА ШАРОИТИ МУЊИТИ БЕРУНА ЧУН НАТИЉАИ АМАЛИ ИНТИХОБИ ТАБИИ

Пайдоиши мутобиќат (адаптация)  ба муњит натиљаи асосии эволютсия аст. Мутобиќати намуд на фаќат аломатњои зоњирї, балки мувофиќати сохти узвњои дохилї ба вазифањоеро, ки онњо иљро мекунанд, дарбар мегиранд. Масалан, рўдаи њайвоноти кавшакунандаи алафхўр дароз аст. Мувофиќ омадани вазифаи физиологии организм ба муњити зист, муракабї ва гуногуншавлии онњо низ аз љумлаи мутобиќат аст.

Муњофизвти нофаъол.  Муњофизати оддї, сода ва мураккаб. Ба муњофизати пассив (нофаъол) њамон хусусиятњое, дохил мешаванд, ки мављудияти онњо эњтимолияти нигоњ доштани фардро дар мубориза барои њаёт муайян мекунад.

                  Ранг яке аз воситањои муњими муњофизати нофаъол буда, ба чанд гуруњ људо мешавад: ранги пинњонсоз, огоњсоз ва мимикрия.  Мисол баъзе њайвонњо дар шохи дарахту бутта нишаста ранги онњоро гирифта, њайвонро аз барг ва шохи дарахт фарќ кардан мушки ласт, њамин тавр баъзе њайвонњо худро муњофизат мекунад. Мимикрия (таќлид) Мисол баъзе нонхуракњо зоњиран ба момохолак монанд шудаанд.

Ѓамхори ба насл. Мутобиќате, ки муњофизатинасдро аз душман таъмин мекунад. Ѓамхори ба насл дар шаклњои гуногун зоњир мешавад. Мисол: моњињо тухмашонро дар байни сангњо монда онњоро нигоњубин менамоянд. Ѓамхори ба насл дар њайвоноти ширхўр боз хубтар ба назар мерасад. Њамин тариќ, њайвоноте, ки ба насл ѓамхорї мекунанд, ин ба бештар зинда мондани онњо мусоидат мекунад ва ин хусусияти ирсї мешавад.

Мутобиќшавии физиологї.  Њангоми мутобиќшавии физиологї организм тарзи фаъолияти узвњо таѓир меёбад. Мисол: Зинда мондани обхокињо дар шароити кам будани нами, бисёр њайвоноти биёбон пеш аз оѓози давраи беобї дар организмашон равѓани бисёр љамъ мекунанд, ки дар ваќти оксидшавии он об њосил мешавад. Парандањо ва ширхурон камшавии оби организмро тавасути узвњои нафас ба тартиб медароранд. Масалан, уштур агар беоб монад, пас бухоршавии обро аз роњњои нафас ва ѓадудњои араќбарор кам мекунад. Тюлен то чуќурии 100 – 200 ва њатто 600 метр ѓута зада, 40 -60 даќиќа дар зери об шино мекунад. Ин ќобилияти он пеш аз њама ба миќдори пигменти махсус – миоглобин  (дар мушакњои он вуљуд дорад) – вобаста мебошад. Миоглобин нисбат ба гемоглобин оксигенро 10 маротиба зиёдтар пайваст мекунад.  Бисёр њайвонот таввасути эхолокатсия (дастгоњи акси садо)  дар фазо роњро хуб меёбанд (кўршабпарак, бум, ромуз).

ПАЙДО ШУДАНИ НАМУДЊО ЧУН НАТИЉАИ МИКРОЭВОЛЮТСИЯ

  Таѓирёбињои эволютсионие, ки дар дараљаи популятсия, дохили намуд ба амал меояд, микроэволютсия ном дорад. Раванди микроэволютсияи ду шакл дорад: филетики  ва  намудњосилшавї.  Тавре маълум аст, пайдо шудани намуд, бешубња, аз  мањдудият  (изолятсия) оѓоз меёбад.  Дар натиљаи микроэволютсия НАМУД ПАЙДО МЕШАВАД.

Пайдошавии намудњо, ки дар гўшаи гуногуни ареал ба вуљуд меоянд (яъне популятсияњо аз љињати муњит аз як дигар људо шудаанд), намудњосилшавии географї ё аллопатрикї  номида мешавад.  Пайдошавии намудро дар дохили ареалнамудњосилшавии симпатрикї  меноманд.

Дар намудњосилшави бо роњи аллопатрикї ё географии намудњои нав дар натиљаи ба ќисмњо људо шудани ареали намуди пештара ба вуљуд меоянд.

Намудњосилшавии симпартикї бо чанд роњ ба амалї мегардад.

1. Яке аз роњњои пайдо шудани намудњои нав полиплоидия мебошад. Полиплоидия ин карати зиёд шудани кариотип мебошад. Мисол n;2n; 3n; 4n; 5n. Намудњои полиплоидї одатан калонтар буда, ќобилияти дар минтаќањои сард њаёт ба сар бурданро доранд. Мањз барои њамин дар баландкуњњо ва дар Арктика миќдори намудњои рустанињои полиплоидї зиёд аст. Њолати намудњосилшавии полиплоидї  дар олами њайвонот камтар вомехўранд. Намудњосилшавии полиплоидї дар олами растанињо бисёр вомехўранд.

2. Роњи дигари намудњосилшавии симпартикї дурагашави бо роњи дучандшаии миќдори хромасомањо - аллополиплоидия   аст.

3. Усули сеюми намудњосилшавии симпартикї пайдо шудани изолятсияи љинсии фардњои популятсияи ќаблан ягона мебошад, ки он дар натиљаи људо ё омехташавии хромасомањо ва дигар таѓироти онњо ба амал меояд. Ин тарзи намудњосилшави дар рустанї ва њам дар њайвонот дучор мешавад.

Намудањосилшавии филетикї ё филогенезї.  Дар ин маврид намуд аз насл ба насл таѓйир ёфта, ба намуди нав табдил меёбад ва онњо аз љињати морфологї фарќ мекунанд. Натиљаи эволютсияи филетикиро фаќат таввасути маводи полеонтологї омухтан мумкин аст.

Истилоњот.

1. Интихоби табиї – натиљаи мубориза барои њаёт, мављуд будани бартарї барои зинда мондани фардњои бењтар мутобиќшуда ва нест шудани фардњои камтар мутобиќгашта.

2. Интихоби љинсї – интихоби модина ё нарина аз руйи маљмўи аломатњои зоњирї ва рафтор.

3. Захираи таѓирпазирињои ирсї  - маљмуи мутатсияњои ресесивї дар генофонди намуд.

4. Дрейфи генњо – равандњои генетикї – автоматие, ки дар чанд насли популятсия бо таъсири омилњои тасодуфї ба амал омада, боиси таѓийирёбии миќдори генњо мешавад.

5. Мубориза барои њаёт - мафњуме, ки њама муносибатњои дохилинамудї ва байнинамудї, њамчун таъсири дутарафаи организмњову омилњои абиотикиро дар бар мегирад.

6. Ранги пинњонсоз – њама гунна ранги тан, ки бартарї пайдо кардани соњиби онро дар мубориза барои њаёт таъмин мекунад.

МАКРОЭВОЛЮТСИЯ

Равандњои њосил шудани категорияњои калони систематикї, яъне аз намудњо њосилшавии авлод, аз авлод њосилшавии оилањои нав ва ѓайраро  микроэволютсия менонманд.

Северсов ва Шмелгаузен омузишро дар бораи самтњои асосии эволютсияро  тайёр карданд. Самтњои асосии эволютсия: 1) Прогреси биологи ва 2) Регресси биологї.

Зиёдшавии мутобиќшавии организм ба муњити беруна, ки боиси зиёд шудани миќдори намуд ва густариш ёфтани ареали он мегардад, прогреси биологи номида мешавад.

Дар натиљаи прогрессии биологї

· Миќдори фардњои намуд зиёд мешавад.

· Ареали он васеъ мешавад.

· Популятсия, намуд ва зернамудњои нав њосил мешавад.

Таѓироти эволютсионик, ки дар баъзе намудњо ва таксонњои калонтар ба амал меоян, њамеша барои онњо фоидаовар нестанд ва ба пешравї сабаб намешаванд. Ин њодисаро регрессї биологї меноманд.

Њангоми  регрессии биологї:

· Миќдори фардњои намуд кам мешавад.

· Ареал он ихтисор мешавад.

· Миќдор ва рангорангии фард дар популятсия кам мешавад.

Якчанд роњи ноил гаштан ба прогрессии биологиро олимони рус А. Северсов ва И. Шмалгаузен нишон доданд: 1 – арогенез (прогрессии морфофизиологї)  2 – аллогенез (идиоадаптатсия)  3 – катагенез (дегенератсияи умумї).


Понравилась статья? Добавь ее в закладку (CTRL+D) и не забудь поделиться с друзьями:  



double arrow