Таносуби самти эволютсия

Њамин тариќ, хусусиятњои умумии раванди эволютсионї инњоянд:

1. Пайдоиши маќсадноки организмњо.

2. Намудњосилшавї

ЌОНУНЊОИ АСОСИИ ЭВОЛЮТСИЯИ БИОЛОГИ

Хусусиятњои морфофизологии организмњоро зиндаро ду омили экологї муайян мекунад: 1) талаботи физиологї 2) шароити муњити зист.

Таѓиротњои организмњои зиндаро ба се шакл људо кардан мумкин аст: дивергенсия, конвергенсия ва параллелизм.

· Дивергенсия -  дуршавии аломатхо дар намуд, авлод, оилањо ва ќаторњо.  Мисол шакли андомњои пеши хордадорон вобаста аз шароити муњити зист таѓир ёфтаанд: боли парандагон (паранда), дастони маймунњо (ќапанда), дар ширхурњо (даванда). Дуршавии аломатњо ба он вобаста аст, ки ин њайвонњо дар шароити гуногун зиндагї мекунад.

· Конвергенсия -монандшавии аломатњо.    Мисол монандии тан ва бол дар њайвоноти тезшинокунандаи нањанг ва ромуз (делфинњо). Сабаби монандшавии аломатњо дар ин намуди њайвонњо дар он аст, ки ин њайвонњо дар як шароити муњити зист зиндагї мекунад.           

Расми 4.7. Конвергенсия. Монандии шакли тан ва бол дар њайвоноти тезшинокунандае, ки ќаробат надоранд:А – нањанг, Б – ихтиозавр, В, Г – ромузњо (делфинњо)             Узвњое, ки вазифаи якхеларо иљро карда, сохт ва пайдоиши гуногун доранд, узвњои шабењ (аналогї) номида мешавад. Масалан, ѓалсамаи харчанг ва моњї, пойњои кўрмуш ва гўсоласарака, боли шапалак ва паранда мисолњои узвњои шабењ мебошанд.

·  Параллелизм  ташакули мустаќими аломатњои монанд дар фардњои хеш. Мисол: гуруњои хуни якхела дар одам ва маймун. Параллелизм барои гуруњои организмњои аз љињати генетики хеш хос аст.  Њамин тавр, дивергенсия ташкилёбии фарќият дар узвњои гомологї, конвергенсия  пайдоиши монандї дар узвњо ё гуруњњои њамтаборбуда.

РУДИМЕНТ ВА АТАВИЗМ.  

· Рудимент  - узвњое мебошанд, ки дар рафти эволютсия вазифаи худро гум карда ва дар марњилаи бозгашт ќарор доранд. Яъне рудимент узвњое мебошад ки дар бадани инсон то њол ќарор доранд аммо вазифаи аввалиндараљаи худро иљро намекунанд (яъне ки нодаркор мебошанд ва оњиста оњиста нест шуда мераванд). Ба рудиментњо инњо дохиланд: дандони аќл, думѓоза (копчик), кирмрўда (аппендикс), суфраи гўш ва ѓайра.

· Атавизм - дар организм пайдо шудани аломатњоест, ки на ба хешони наздик балки ба хешони хеле дурр таалуќ доранд. Масалан пайдо шудани 3 панља дар аспњои њозира, ѓадуди зиёдатии шир, дум, мўй дар тамоми бадани инсон ва ѓайра мисолњои атавизм мебошад.

· Узвњои гомомлоги  узвњое, мебошад ки сохт ва пайдоишашон якхела буда, вазифаињои гуногунро иљро мекунад. Мисол андомњои пеши ќурбоќа, боли паранда, дастњои одам ва ѓайра.

· Узвњои аналогї  узвњое, ки сохт ва вазифаи якхелеларо иљро карда, аммо пайдоишашон гуногун мебошанд, узвњои аналогї номида мешавад. Мисол пари шапалак ва паранда вазифаи якхеларо иљро мекунанд аммо пайдоишашон гуногун мебошанд.


Понравилась статья? Добавь ее в закладку (CTRL+D) и не забудь поделиться с друзьями:  



double arrow
Сейчас читают про: